Бонки исломии рушд барои рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон 9,5 миллион доллар ҷудо намуд

 Бонки исломии рушд барои  рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон 9,5 миллион доллар ҷудо намуд, хабар медиҳад  Агентии иттилоотии Арабистони Саудӣ.

Гуфта мешавад, ки 12 декабр Бонки исломии рушд дар нишасти солонаи Шӯрои директорони иҷроияи Бонк зери раёсати д-р Муҳаммад Ал-Ҷассер- Раиси Бонки мазкур буҷаи солонаи бонкро барои соли 2023 тасдиқ намуд, ки дар он барои роҳандозии тарҳҳои нави рушд дар 11 кишвари олам маблағи умумии 363,3 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

«Инчунин Бонки исломии рушд, ки қароргоҳи он дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷойгир шудааст, барои рушди соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи маблағгузории иловагиро ба маблағи 9,5 миллион доллар тасдиқ намуд», — омадааст дар хабари манбаъ.

Қобили зикр аст, ки Бонки исломии рушд яке аз бонкҳои бисёрҷонибаи рушд дар ҷаҳон ба шумор рафта, филиалҳои он дар бисёр кишварҳо ҷойгир шудаанд. Дороиҳои амалиётии бонк зиёда аз 16 миллиард ва сармояи оинномавии он 70 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE