БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Сармояи инсонӣ омили асосии рушди иқтисоди миллӣ аст

Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ ба масъалаи рушди сармояи инсонӣ ҳамчун омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.

Гуфта шуд, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» сармояи инсонӣ дар байни омилҳои дарозмуҳлати рушд мавқеи аввалро ишғол намуда, ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ муайян гардидааст. Дар ин ҳуҷҷати асосии барномавии рушди ҷумҳурӣ принсип ва вазифаҳои рушди сармояи инсонӣ барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ асоснок шудаанд.

Убайдулло Асрорзода таъкид намуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба масъалаи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, иброз дошта шуд, ки «рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад».

Воқеан, рушди илму маориф  шарти асосии пешрафти тамоми соҳаҳо ва муҳимтарин омили таъмини рушди иқтисод ва суботи иҷтимоии ҷомеа мебошад.

Хурсандиовар аст, ки аз ҷониби Пешвои миллат дастгирии таҳқиқоти илмӣ ба воситаи боло бурдани ҳаҷми маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмию таҳқиқотӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои таълимию илмӣ бо сохторҳои истеҳсолӣ дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ гардид. Дар Паёми навбатӣ Президенти мамлакат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳои ваколатдори соҳаи илму маориф супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро амалӣ намоянд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки агар соли 2017 низоми маорифи мамлакат 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст ва тибқи дурнамо, ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад.

Вобаста ба ин тамоюл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати бунёду ба истифода додани муассисаҳои таълимии наву замонавиро дар ҳама зинаҳои таҳсил ва баланд бардоштани имконияти низоми маорифи мамлакат таъкид намуданд.

Убайдулло Асрорзода иброз дошт, ки раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои муқаррароти стратегияву барномаҳои давлатии соҳаи илму маориф дар самти бунёд ва ба истифода додани биноҳои таълимии нав, инчунин бо таҷҳизоти муосири таълим муҷаҳҳаз намудани онҳо тадбирҳои муассир меандешад.

Мояи хушнудӣ аст, ки Пешвои миллат 14 декабри соли 2023 бинои нави таълимии Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро дар вилояти Хатлон ба истифода доданд. Бинои нави филиали донишгоҳ дар вилояти Хатлон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯи лоиҳаи муосир бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар асоси стандартҳои байналмилалӣ ва дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Бинои таълимӣ аз 7 ошёна иборат буда, барои 2500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, дорои 27 ҳуҷраи корӣ, 37 синфхонаи барҳавои таълимӣ, 4 марказ, аз ҷумла Маркази таҳқиқоти иқтисоди «сабз», Маркази ҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳо, марказҳои  забони русӣ, зеҳни сунъӣ, озмоишгоҳҳои фаъолияти гумрукӣ ва 1С:бухгалтерия мебошад. Бунёди меҳмонхонаи таълимӣ, сервиси тарабхонавӣ ва тарабхонаи таълимӣ бо тамоми дастгоҳу аёнияти омӯзишӣ муҷаҳҳаз, китобхонаҳои илмӣ — электронӣ бо махзани ғании адабиёти бадеиву соҳавӣ ва толорҳои хониш бо 120 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ ва ошхона мутаносибан бо 500 ва 130 ҷойи нишаст аз имконияти дигари иншооти нав аст. Парки технологӣ ва филиали институти илмӣ – тадқиқотии донишгоҳ дар бинои нав аз бахшҳои дигари филиал аст, ки бо мақсади татбиқи донишҳои назариявии донишҷӯён дар амал ва амиқтар омӯхтани илмҳои муосир дар доираи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ташкил  шудаанд.

Раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки барои тақвияти корҳои созандагӣ  бунёди биноҳои таълимии филиалҳои донишгоҳро   дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Хуҷанд оғоз намояд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳор гардид, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ ба гурӯҳи давлатҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад ва дар ин раддабандӣ ҷумҳурии мо аз 183 мамлакати таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд».

Тасмими навбатии Ҳукумати мамлакат вобаста ба 40 фоиз баланд бардоштани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоти буҷетӣ, инчунин стипендияҳо иқдоми басе манфиатбахш ва саривақтӣ буда, барои рушди сармояи инсонӣ дар мамлакат заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид доштанд, ки баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсил, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Ҷиҳати иҷрои роҳнамоиҳои Пешвои миллат дар самти таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ дар заминаи истифодаи низоми дуалии таҳсил ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соли 2023 дар назди донишгоҳ ду коллеҷ- дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Левакант аз рӯйи ихтисосҳои самтҳои саноат, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ таъсис дода шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор доштанд, ки «мо бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи ҷумҳурӣ ва ҷалби мутахассисону коршиносон аз дигар мамлакатҳо диққати ҷиддӣ диҳем».

Донишгоҳ имрӯз бо беш аз 160 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмии хориҷӣ, инчунин ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамкории судманд дошта, бо мақсади баланд бардоштани маҳорату савияи тахассусӣ таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо, табодули академии омӯзгорону донишҷӯёнро амалӣ намудааст ва минбаъд низ баҳри таъмини иҷрои супоришҳои Сарвари давлат фаъолиятро тақвият мебахшад.

«Иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди масъулини соҳаи илму маорифи мамлакат гузошта шуданд, метавонад дар рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ ва ба ин васила дар пешрафти ҷумҳуриамон  мусоидат намояд»,- афзуд дар анҷом Убайдулло Асрорзода.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE