26 ОКТЯБР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ…

26 ОКТЯБР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

Ҳамасола 26 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти судӣ таҷлил мегардад.

Мақомоти судӣ яке аз рукнҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ ба шумор рафта, дар таъмини адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва волоияти қонун нақши муҳим доранд.

Фаъолияти кормандони мақомоти судӣ ба татбиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, баррасии одилонаи парвандаҳо ва ҳифзи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилотҳо равона гардидааст.

Таҷлили ин рӯз нишонаи эҳтиром ба фаъолияти касбии кормандони мақомоти судӣ ва саҳми онҳо дар таҳкими низоми ҳуқуқии кишвар мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE