26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои муовини вазир дар вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, Агентии назорати давлати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти рақамикунонӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин гардид.
Таъкид гардид, ки муовинон – сарпарастони соҳаи рақамикунонӣ дар самти ворид намудани технологияи муосир ва пайвастан ба низоми идораи электронии раванди кору истеҳсолот дар муҳлатҳои кутоҳтарин тадбирҳои мушаххас андешида мутахассисони дорои таҷрибаи кор бо технологияи иттилоотӣ ва донандагони забонҳои хориҷиро ба кор ҷалб ва тарбия намоянд.
#ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Таджики
President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

