Дар Душанбе нахустин савдои коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозори озод баргузор шуд

Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин савдои коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозори муташаккил тавассути низоми электронии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ» баргузор шуд. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.

Дар маросим Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода ва Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Шенни Кемпбелл сухан намуданд.

Дар ҳамоиш инчунин роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ва намояндагони ташкилоти байналмилалии молиявии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд.

Иброз гардид, ки бори нахуст коғазҳои қиматноки давлатӣ бо шартҳои ҷолиб бароварда мешаванд ва ин ба иштирокчиёни бозор имкон медиҳад, ки шарти сармоягузории мувофиқро интихоб намоянд. Пардохтпазирии коғазҳои қиматноки давлатӣ ҳамчун фишанги молиявӣ аз як тараф пасандозҳои аҳолиро аз таваррум муҳофизат намояд, аз тарафи дигар ҷиҳати ба сармоягузорӣ табдил додани пасандозҳо, инчунин равона намудани онҳо ба рушди иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамояд.

Дар анҷоми ҳамоиш ба ду бонки давлатии ҷумҳурӣ – Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» иҷозатномаи иштирокчии касбии бозори коғазҳои қиматнок дода шуд. Доштани чунин иҷозатнома ба бонкҳо имкон медиҳад, ки дар бозори коғазҳои қиматнок амалиёти брокерӣ ва дилерӣ анҷом диҳанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE