Маҳбубтарин радио – «Садои Душанбе» 25-сола шуд

Дар миёни радиоҳои мамлакат шабакаи «Садои Душанбе» ҷойгоҳи хоссаеро соҳиб аст. Он 18-уми январи соли 1999 таъсис ёфта, ки имрӯз ҳамрозу ҳамнафаси шунавандаи худ аст.

Ин радиои писандидаи мардумӣ дар воқеъ тавонист бо нерӯи тавонои зеҳнӣ ва касбияти баланди ҳайати кормандонаш дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа шуҳрату маҳбубиятро соҳиб гардад. Ин минбари озоди розу ниёзи омма, дар ташаккули дунёи маънавии ҷомеаи Тоҷикистон, пешниҳоду ҳалли масойили мубрами ҷомеа, болоравии маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии аҳолии кишвар саҳми калон гузошта тавонист. Имрӯз низ ҳамин рисолати муқаддасро кормандонаш сарбаландонаву масъулиятшиносона идома медиҳанд.

Роҳбарии ин Шабакаи маҳбубро дар солҳои гуногун журналистони шинохтае, ба мисли, Сафаргул Олимӣ, Ҷонибек Асрориён, Сафаралӣ Қурбоналӣ, Шоҳонаи Сулаймон, Сурайёи Шуҷоат, Бахтовар Каримзода, Худоёри Валӣ, Махфират Юсуфӣ, Мансур Шоҳиён ва Фирӯз Каримзода ба душ доштанд. Таҳти роҳбарии онҳо кормандони «Садои Душанбе» тавонистанд дар инъикоси саривақтии руйдодҳои муҳимтарини ҷомеа ва дастовардҳои кишрҳои гуногуни он, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ, таҳкими эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллии хурду бузурги кишвари маҳбубамон, пос доштани арзишҳои миллӣ, тақвияти садоқат ба миллату давлат ва ташвиқи шунавандаҳои сершумор ба кору пайкори созанда дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкорона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваффақ гарданд. Бо дастгирии роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио, сомонаи интернетии шабакаи «Садои Душанбе» (www.sadoidushanbe.tj) фаъолияти хуб дорад.

«Садои Душанбе» ҳамарӯза барномаҳояшро дар бахшҳои иттилоотӣ, фарҳангиву фароғатӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо забонҳои тоҷикиву русӣ ба шунавандаҳо пешкаш менамояд. Ҳайати кормандони онро имрӯз ғолибан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки таҳсилоти олии журналистӣ ва диди ҷадиде ба инъикоси руйдодҳои ҷомеа доранд

Кормандони «Садои Душанбе» кӯшиш мекунанд, ки барномаҳоро бо диди нав, бо назардошти талабот ва дархости мардум таҳия намоянд, тавассути барномаҳои мустақим ба онҳо бештар наздик бошанд, дар ҳалли мушкилиҳои рӯзгор ба онҳо кӯмак расонанд. Ҳамин аст, ки шабакаи «Садои Душанбе» муҳаббати мардумро соҳиб шудаву дар тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат муваффақ гардидааст.

«Садои Душанбе»-ро рӯйи мавҷи 102,2 FM дар шаҳри Душанбе, мавҷи 100,2 FM дар вилояти Суғд, 103,1 дар вилояти Хатлон, 102,5 дар шаҳри Хоруғ, инчунин аз сомонаҳои sadoidushanbe.tj, mediabay.tv, баззаҳои DVB-T2, Т3 ва моҳвора низ метавонед гӯш кунед.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE