Фаррух Шарифзода бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён мулоқот кард

6 феврали соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиёнро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалӣ, дурнамои густариши равобит байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE