Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кореяро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донгсок бо хоҳиши ӯ мулоқот анҷом доданд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Ҷумҳурии Корея мавриди музокирот қарор дода шуд.

Раиси шаҳри Душанбе ҷаноби Квон Донгсокро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон дар ин маснади пуршарафу ҳамзамон сермасъул самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, бо талошу фаъолияти самарабахш ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии кишварҳо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Корея ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошанд. Тайи солҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шудаанд.

Иштирокчиёни мулоқот ҳавасмандии худро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкориҳо миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла дар соҳаҳои инфрасохтори шаҳрдорӣ, рақамикунонии соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ, рушди муносибатҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва ҷалби бештари сармоягузорон вобаста ба бунёди корхонаҳои муштарак таъкид намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE