Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот кард

21 феврали соли 2024 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Валид Ал-Хурайҷӣ мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Ходими ҳарамайни шарифайн – Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Олии Сауд супорида шуд.

Инчунин, ҷонибҳо дар бораи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ табодули назар карданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE