Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мулоқот кард

Мулоқоти Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон арРушайдон доир гардид, аз ин кумита ба мо хабар доданд.

Раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар робита ба ҳамкории илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти кумитаи навтаъсис маълумоти мушаххас дод.

Иброз гардид, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз мамлакатҳои муҳим дар Шарқи Наздик ва Миёна ба ҳисоб рафта, дар муносибати дуҷониба ва бисёрсамтааш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, рушди сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар самтҳо лоиҳаҳои бузургро амалӣ месозад.

Валид ибни Абдураҳмон ар-Рушайдон пешниҳод намуд, ки Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо муассисаҳои таҳсилоти касбии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкории дуҷониба амалӣ намояд.

Фарҳод Раҳимӣ таклифҳои сафирро муҳим арзёбӣ намуда, омодагии кумитаро вобаста ба ташкил ва таҳкими ҳамкории муштарак изҳор намуд. Иброз гардид, ки сатҳи ҳамкории илмии дуҷонибаи ҷавобгӯ ба талабот зарурати тавсеа ва тақвияти ҳамкориро талаб менамояд.

Пешниҳод шуд, ки лоиҳаи созишномаҳои ҳамкорӣ бо ин муассисаҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳия шуда, тибқи муқаррарот пас аз мувофиқа ва гузаронидани расмиёти мувофиқасозии дохили давлатӣ амалӣ шаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE