Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Имрӯз дар Прокуратураи шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе баргузор гардид. Иштирокдорон дар мавзуи  “Вазъи содиршавии ҷиноятҳои ифротиву терорристӣ миёни ҷавонону ноболиғон дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар давраи солҳои 2020 – 2022 маърузаҳо намуда, роҳҳои баъди мубориза бо ин зуҳуротро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе, намояндагон аз мақомоти прокуратура, корҳои дохила, намояндагони амнияти миллӣ, оид ба корҳои дин, ҷавонон  ва дигар зерсохторҳои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ширкат намуданд. Ба рӯзномаи кории он аслан як масъала “Таҳлилу баррасии вазъи содиршавии ҷиноятҳои ифротиву терорристӣ миёни ҷавонону ноболиғон дар давраи солҳои 2020- 2022 дар ҳудуди шаҳри Душанбе” ворид гардида буд, ки ҳар як сохтори  мақомоти давлатӣ оид ба фаъолияти худ дар мубориза бо ифротгароию терорристӣ ва ҷалби ҷавонон ба ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ,  дар соли сипаригардида натиҷагирӣ намуданд.

Дар идомаи ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе масъулини сохторҳои ваколатдор ҳисобот доданд. Таъкид шуд, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз хайати иштирокдор даъватт карда шуд, ки бетарафӣ зоҳир накарда, бо мақомоти дахлдор ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гаравидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро бигиранд ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.

Дар ҷаласаи ҳамогансозии мақомои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе гуфта шуд, ки вобаста ба вазъияти минтақа ва ҷаҳон масъалаҳои муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм аҳамияти торафт мубрам пайдо карда истодаанд. Бо назардошти вазъи ҷаҳони имруза аз ваколатдрони соҳа аз ҷумлаи Вазорати маорифу илм, Кумитаҳои дину ҷавонон даъват ба амал овардаа шуд, ки бояд ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, ҳисси баланди миллӣ ва пешгирӣ кардани шомилшавӣ ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ эътибори ҷиддӣ зохир намоянд .Хоизирин дар анҷоми ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе ҷиҳати расидан ба мақсадҳои олӣ дар мубориза ва пешгирӣ аз зуҳуроти терорризму ифротгароӣ тамоми сохторҳои давлатиро ба ҳамкорӣ даъват намуданд.

Тоҷиддин Сатторов

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE