Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати дарёфти гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон озмун эълон менамояд

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар соли 2024 барои ҳунармандони довталаб озмун эълон менамояд. Дар ин хусус аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон 20 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ҷудо гардида, ҳар грант ба андозаи 25 000 (бисту панҷ) ҳазор сомонӣ ба дастгирии ҳунармандон ва рушди ин самт равона шудааст.

Дархост ва номгӯйи ҳуҷҷатҳо ҷиҳати иштирок дар озмун танҳо бо забони давлатӣ қабул  шуда, муҳлати пешниҳоди онҳо як моҳ, яъне аз 1 март то 1 апрели соли 2024 муқаррар шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 18 феврали соли равон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» ба тасвиб расид.

Тибқи қарор, аз соли 2024 то соли 2026 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ таъсис дода шуд.

Аз ҷумла соли 2024 — 20 грант ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ, соли 2025 — 20 грант ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ ва соли 2026 — 20 грант ба андозаи 500 ҳазор сомонӣ таъсис шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE