Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ тақвият мебахшанд

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён вохӯрӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Гуфта шуд, ки соҳаҳои гуногуни беҳдоштӣ, дармонӣ ва улуми пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз қабили чарроҳии дил, табобати бемориҳои чашм, пайванди кулия, протезкунии пайвандҳо шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, метавонанд ба идомаи ҳамкории ҳарду давлат барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ такони ҷиддӣ бахшанд.

Инчунин изҳори умедворӣ шуд, ки ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон боз ҳам тақвият меёбад.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла дар самти ба такмили ихтисос фаро гирифтани табибони тоҷик дар ин мамлакат, ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат дар соҳаи тибби мамлакат, коргарди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE