Эмомалӣ Раҳмон: «Модар мавҷуди муқаддастарин ва азизтарину бебаҳотарин мебошад»
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди паёми шодбошӣ занон-модаронро ба муносибати Рӯзи Модар таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат изҳор намуданд, ки ин рӯзи муборак ҳар сол дар рӯзҳои нахустини бедоршавии табиат, бо накҳату нафосати баҳорӣ ва дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардад.
«Зеро Зан – Модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад, — таъкид доштанд Пешвои миллат. — Модар, нақш ва қадру манзалати ӯ дар ҳаёти инсоният аз ҷониби шоирону нависандагон ва олимону донишмандони халқу миллатҳои гуногуни олам хеле фаровону самимона васфу тасвир гардидааст».
Бо ишора ба гуфтаҳои бузургон Президенти мамлакат илова намуданд, ки «Модар зеботарин калимае аст, ки инсон ба забон овардааст. Модар ягона муъҷизаи табиат аст, ки ҳатто марг наметавонад моро аз ӯ ҷудо кунад. Қалби модар ҳудуди беинтиҳои меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ва бахшидан аст».
Бинобар ин, Сарвари давлат тазаккур доданд, ки ҳар яки мо барои шири сафеду ҷонбахш, аллаҳои пур аз умеду орзу, навозишу меҳрубонӣ ва насиҳату дуои модар як умр аз ӯ қарздор мебошем.
«Ҳеҷ кадоме аз мо наметавонем, ки заҳмату бедорхобии ҳатто якшабаи модари худро ҷуброн кунем. Вале ба ҳар ҳол, мо – фарзандон бояд кӯшиш намоем, ки ба қадри модари мушфиқ, ранҷу машаққат ва ғамхориҳои ӯ расем, то метавонем хизматашро ба ҷо оварем ва дуои некашро гирем», — изҳор намуданд Пешвои миллат.
Дар идома Президенти мамлакат модарро мавҷуди муқаддастарин ва азизатарину бебаҳотарин барои инсон ва сазовору арзандаи ҳама гуна парастиш, дӯстдорӣ ва ғамхорӣ номиданд.