Ҷаласаи якуми Комиссияи гарнтӣ оид ба Дарёфти гранти Президенти Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар соли 2024 доир гардид
6 марти соли 2024 таҳти роҳбарии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ҷаласаи якуми Комиссияи гарнтии назди вазорат оид ба Дарёфти гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар соли 2024 доир гардид. Дар кори он аъзои комиссия грантӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода доир ба моҳияти таъсиси гранти мазкур ва рушди ҳунармандӣ сухан ронда, ҳадафи онро дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон арзёбӣ намуд.
Дар ҷаласа гузориши муовини вазир – муовини раиси Комиссияи грантӣ Ализода Алишер дар бораи тадбирҳои амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумщурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2024 “Дар бораи таъсиси гарнти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026” дар соли 2024 шунида шуд.
Баъди шунидани гузориш аъзои комиссияи гарнтӣ доир ба тарғиби озмун барои дарёфти грант, додани афзалият ба ҳунармандии соҳаи истеҳсолӣ ва ҳунарҳои мардумие, ки хавфи азбайнраӣ доранд ва дигар масъалаҳои марбут ба пешниҳод ва баррасии ҳуҷҷатҳои ҳунармандони довталаб ибрози назар намуданд.
Бояд қайд намуд, ки маблағи грант барои рушди соҳаҳои ҳунармандӣ, аз қабили харидории таҷҳизоту дастгоҳҳо барои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ, воситаҳои лозимӣ ва ашёи хом (ба истиснои сохтмон, таъмир ва музди меҳнат) истифода мешавад.
Зикр гардид, ки барои ҳавасмандгардонии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ фурӯш, иҷрои кор ва хизматрасонии 108 намуди фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона аз пардохти андозҳо озод карда шудаст.
Айни замон, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳунармандӣ, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” бармеоянд, фароҳам карда шудааст, аз ҷумла, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Шӯро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳунармандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Тартиби пешбурди феҳристи ҳунармандӣ”, “Дар бораи Номгӯи касбҳои ҳунармандӣ”, “Дар бораи Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025” мавриди амал қарор доранд.
Мавриди зикр аст, ки 18 феврали соли ҷорӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026” ба тасвиб расид. Тибқи қарори мазкур давоми солҳои 2024-2026 60 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 1 млн. 500 ҳазор сомонӣ барои дарёфт ба ҳунармандон пешниҳод карда мешавад. Аз 1 марти соли ҷорӣ пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои дарёфти гранти мазкур шуруъ шуда, то 1 апрели соли ҷорӣ идома меёбад.
Дар соли 2024 20 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардида, ҳар як грант ба андозаи 25 000 (бисту панҷ) ҳазор сомонӣ барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ равона карда шудааст. Номгӯйи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда барои иштирок дар озмун: – ариза ба унвони раиси Комиссия; – маълумот дар бораи ҳунарманд; – нусхаи шиноснома; – 2 дона акси 3×4; – нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда; – маълумотнома аз маҳалли истиқомат; – ҳуҷҷати бақайдгирии давлатии соҳибкорӣ, агар тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин бақайдгирӣ талаб карда шавад; – лоиҳаи асосноккардашудаи ҳунарманд дар бораи самти фарогирии ҳунаре, ки дорад ва минбаъд онро рушд медиҳад; – ҳуҷҷатҳои дигаре, ки довталаб ба озмун пешниҳод намудани онҳоро зарур медонад.
Дархост ва номгӯйи ҳуҷҷатҳо ҷиҳати иштирок дар озмун танҳо бо забони давлатӣ қабул карда шуда, муҳлати пешниҳоди онҳо як моҳ, яъне аз 1 март то 1 апрели соли 2024 муқаррар шудааст.