Савдои хориҷӣ тибқи маълумоти оморӣ  3 миллиярду 415 миллион сомониро ташкил дод

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ гардиши савдои хориҷӣ тибқи маълумоти оморӣ  3 миллиярду 415 миллион сомониро ташкил дод. Дар ин давра дар маҷмуъ аз ҷумҳурӣ  ба маблағи 678,6 миллион долар маҳсулоти ватанӣ содирот гардидааст.Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Баҳриддин Сироҷиддинзода иттилоъ дод. Ба гуфтаи масъулин дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳаҷми содироти маҳсулоти саноатӣ якҷо бо нерӯи барқ  654,4 миллион доларро ташкил намудааст.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE