Дар НБО «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангӣ таҷлил гардид. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш Раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ кормандони неругоҳро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, иброз дошт, ки «Наврӯз ҷашни эҳёи табиат буда, фаротар аз дину фарҳангҳо аст ва ҳамин хусусияти волояш сабаб гардидааст, ки манзалаташро то замони мо аз даст надиҳад, баръакс, дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар заминаи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукуҳу ҷалоли хосса касб намуда, мақоми байналмилалӣ гирифт».
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат бо ҳисси ифтихор таъкид намуданд, ки «Наврӯз вожаи байналмилалӣ буда, дар тамоми ҷаҳон бе тарҷума бо номи Наврӯз истифода мешавад».
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда макони зисту ашёи рӯзгор ва сару либосҳояшонро нав ё тозаву озода мегардонанд, маданияти заминдориву заминкорӣ ва боғдориву ободкориро ривоҷ мебахшанд.
Меҳмонону кормандони ин корхонаи бузурги Тоҷикистон аз тамошои намоишгоҳи наврӯзӣ руҳу илҳоми тоза гирифтанд.