То соли 2030 аҳолии Тоҷикистон пурра бо оби ошомиданӣ таъмин мегардад
То соли 2030 аҳолии Тоҷикистон пурра ба оби ошомиданӣ таъмин мегардад. Дар айни замон 67,1 фоизи аҳолии мамлакат бо об таъмин мебошанд, иттилоъ дод муовини аввали Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Ҷурахон Ғаффорзода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Дар шаш моҳи соли 2022 барои сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунанда, фазлаоб (канализатсияҳо)-и шаҳру ноҳия ва деҳоти ҷумҳурӣ сармояи институтҳои ҷаҳонӣ ҷалб гардида, дар доираи татбиқи чор лоиҳаи амалишаванда ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ корҳои назаррас ба анҷом расиданд.
Инчунин аз ҷониби Муассисаи давлатии «Сарраёсати Тоҷикобдеҳот»-и КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба истифодабарандагон ба миқдори 8 миллиону 244,6 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ таъмин гардид. Маблағи ин хизматрасонӣ 4 миллиону 876,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бо мақсади васеъ намудани ҳудуди хизматрасониҳо ба аҳолии шаҳраку деҳоти мамлакат 20 лоиҳаи дархости сармоягузорӣ ба маблағи 768,9 ҳазор доллари ИМА омода карда шуда, ҷиҳати ворид намудан ба Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.