Дар Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ шуд
Имрӯз муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо ҳайати парлумонии Гурҷистон таҳти роҳбарии раиси кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Николоз Самхарадзе, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Гурҷистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Гурҷистон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал беҳтарсозии кори Гурӯҳи парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Гурҷистон муҳиму манфиатбор шуморида шуд.
Изҳори боварӣ шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Гурҷистон дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро мегирад.
Ҳамчунин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои чамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо ҳайати парлумонии Гурҷистон таҳти роҳбарии раиси кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Николоз Самхарадзе мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнипарлумонии ду давлат баррасӣ шуд.