Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Либосҳои миллӣ занону духтарони моро боз ҳам зеботар менамоянд»

«Мо бояд сидқан, фақат бо забон не, аз сидқи дил Ватанамонро дӯст дорем. Забону фарҳанги худро, анъанаҳои миллии худро дӯст дорем. Сару либосҳои миллиамонро дӯст дорем. Дӯстони азиз, модарону  хоҳарони меҳрубон, бинед, чӣ хел рангоранг, чӣ қадар зебоянд либосҳои миллии мо. Бе ҳамин ҳам мардуми ориёитабор, мо – тоҷикон мардуми зебо ҳастем. Лекин либосҳои миллӣ моро боз ҳам зеботар мекунанд. Бас кунед бегонапарастиро!»

Инҳо суханоне буданд, ки 25 март дар маҷмааи Майдони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар тантанаҳои ҳамоиши наврӯзӣ- «Корвони шодӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланд бо хитоб ба ҳар зан-модар ва духтарони банангу номуси тоҷик падарона изҳор намуданд.

Оре, либоси миллӣ рукни фарҳанги миллӣ ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки давоми қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Зан-модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб шуда, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳо аст.

Ба ақидаи коршиносону мушоҳидакорон, имрӯзҳо на танҳо ба либоси миллӣ, балки ба ҳусну ҷамоли занони тоҷик низ бояд таваҷҷуҳ зоҳир шавад, чун занону духтарони тоҷик имрӯзҳо бо тақлид ба занони давлатҳои бегона симои зоҳириашонро дигар менамоянд, ки ин ҳам ба саломатӣ ва ҳам ба насли оянда таъсири манфӣ мерасонад. Тавре Президенти мамлакат иброз намуданд: «Бе ҳамин ҳам мардуми ориёитабор, мо – тоҷикон мардуми зебо ҳастем. Бас кунед бегонапарастиро!», ки ин суханон ин ҳикмати худро доранд.

Ҳамқадами замон будан, албатта, хуб аст, аммо суннату оину урфу одати миллиамонро фаромӯш намудан кори нағз нест. Агар ба либосҳои миллии мардумони ҷаҳон назар афканем, тахайюл, тафаккур ва табиати сарзаминашон инъикос гардидааст. Дар либоси миллии мо низ рангорангии табиати зебои Ватан ва иффати занона тасвир ёфтааст, аз ин рӯ онҳо хеле зебо ба наз мерасанд. Имрӯз либоси миллати тоҷикро дигарон ба бар менамоянду бо он аз зебогияш менозанд, пас чаро духтару зани тоҷик  аз куртаи шинами тоҷикӣ ва рӯймолу тоқӣ шарм мекардааст? Хориҷиҳо омада осорхонаҳои миллии моро, ки дар  онҳо садсолаҳо инҷониб либосҳои ниёгонамон маҳфуз ҳастанд, тамошо намуда,  аз либосҳои мо, ки ифодагари  фарҳанги баланд, одоби ҳамида ва ҷаҳонбинии васеъ доштани аҷдодонамон мебошанд, дар ҳайрат мешаванд, аммо баъзе занону духтарони тоҷик, баръакс рӯ ба фарҳанги бегона меоранд. Кӯр-кӯрона пайравӣ ё тақлид ба либоси бегона, бешак, ба пастравии фарҳанги миллӣ оварда мерасонад. Имрӯз занону духтарони тоҷик савод,  фарҳанг ва маданияти бузург доранд, давлату ҳукумати мамлакат тамоми шароитро барои пешрафту дастгирии занон фароҳам овардааст, пас месазад, ки дар ҷавоб ба ин дастгириву ғамхориҳо ҳар зан-модар ва духтари боиффати тоҷик суханони Президенти мамлакатро  ҳамчун насиҳати падарона қабул намуда, бегонапарастиро аз байн баранд.

Ёдовар мешавем, ки 25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҷмааи Майдони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар тантанаҳои ҳамоиши наврӯзӣ-«Корвони шодӣ» иштирок намуданд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE