Дар ноҳияи Данғара ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор шуд

Дар ноҳияи Данғара ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шурои ҷамъиятии шаҳрҳои Кӯлоб, Норак, Левакант, ноҳияҳои  Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Ҳамадонӣ, Восеъ, Балҷувон, Темурмалик, Фархор ва Данғараи вилояти Хатлон  дар шакли мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он масъалаи тавсеа додани доираи фаъолияти шуроҳои ҷамъиятии  ин шаҳру ноҳияҳо бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳисоботи фаъолияти ин шуроҳо шунида шуд. Дар ин хусус аз Шурои ҷамъиятӣ хабар доданд.

Дар натиҷаи баррасии масъалаҳо қарорҳо қабул шуданд, аз ҷумла аз ҷониби ин шуроҳо барои узвият ташкилоти навро қабул карда шаванд, ба ҳама гуна навиштаҳои бардурӯғ ва тарғибҳое, ки дар интернет ва шабаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд ва ба раванди сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ халал мерасонанд, сари вақт вокуниш нишон дода, посухҳои дурусту саҳеҳ ва ошкоркунанда диҳанд.

Дар кори ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон корманди масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илм, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон, раисони Кумитаи кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш,  муовини Раиси вилояти Хатлон доир ба масъалаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ- ҳамчун василаи муҳими баланд бардоштани худшиносии миллии ҷавонон сухан намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE