Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амали ғайриқонунии сарҳадшикании террористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 26 апрели соли равон 2 аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амали террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон хати сарҳади давлатиро аз қаламрави Афғонистон дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумхурии Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ убур намуданд.

Ҳарду террорист аз ҷониби неруҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон безарар гардонида шуда, нақшаи муғризонаи онҳову ҳомиёнашон бар бод дода шуд.

Вазорати корҳои хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин амали ғайриқонунии сарҳадшиканӣ ва террористӣ изҳори нигаронии амиқ намуда, онро шадидан маҳкум мекунад ва иброз медорад, ки сарҳади Тоҷикистон бо қудрати том ҳифз карда мешавад ва нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ба ҳар шахс ё гуруҳе, ки дар фикри вайрон кардани он мебошанд, посухи муносиб ва сареъ хоҳанд дод.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE