Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд

23 апрел дар шаҳри Рим дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Италия мулоқоту музокироти Тоҷикистон ва Италия баргузор шуд.

Маросими расмии истиқболи меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Италия «Палатсо Киджӣ» баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ дар болои суфаи фахрӣ қарор гирифтанд.

Фармондеҳи қаровули фахрӣ оид ба омодагӣ ба баргузории маросими истиқболи расмӣ ба меҳмони олимақом гузориш дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия дар болои роҳрав якҷо ҳаракат намуда, дар назди парчами Ҷумҳурии Италия таваққуф намуданд.

Меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби Парчами давлатии Ҷумҳурии Италия арзу эҳтиром намуданд.

Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ ва аксбардории якҷоя, ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб муаррифӣ гардиданд.

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Италия дар мулоқоти хосса оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат идома ёфт.

Дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ барои истиқболу меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили густариши робитаҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ муҳокима намуданд.

Ҳар ду ҷониб оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, металлургӣ, маъдан, кимиё, кишоварзӣ, дорусозӣ ва сайёҳӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Ҷалби сармояи италиявӣ барои рушди соҳаи саноати Тоҷикистон барои ҳар ду давлат судовар номида шуд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва афзоиши содироти он ба кишварҳои Аврупо имконияту захираҳо фаровон аст.

Таъсиси хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ ва робитаҳои ду ҷониб дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҷудо кардани квотаҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии Италия аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкории давлатҳоро дар чаҳорчӯби СММ, САҲА ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ оид ба пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои обу иқлим, бахусус ҳифзи пиряхҳо ва ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он андешаронӣ анҷом дода шуд.

Дар робита ба вазъи мураккаби сиёсии байналмилалӣ ҳамкории самарабахш дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир зарур шумурда шуд.

Дар фарҷоми мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE