Дар Тошканд Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо оғоз мешавад

Имрӯз, 6 октябр  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба  гӯштини дзюдо миёни калонсолон  оғоз шуда, то 13 октябр идома меёбад.

Ҷиҳати иштирок дар чемпионати ҷаҳон 563 варзишгар (305 мард, 258 зан) аз 85 давлат номнавис шудаанд. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ 9 паҳлавони шинохта  намояндагӣ хоҳанд кард: Эмомалӣ Нуралӣ  дар вазни то 66кг, Беҳрӯз Хоҷазода  ҳамроҳ  бо Муҳаммадраҳим Сарахонов  дар вазни то 73кг, Шодмон Ризоев  бо  Сомон Маҳмадбеков, ҳарду дар вазни то 81кг, Ҷаҳонгир Маҷидов ҳамроҳ бо  Комроншоҳ Устопириён  дар вазни то 90кг, Абубакри Акобир дар  вазни  то 100кг  ва ниҳоят паҳлавони маъруфи  тоҷик Темур Раҳимов  дар вазни  +100кг.

Мусобиқа дар 7 вазн миёни мардҳо, 7 вазн миёни бонувон, инчунин рақобати даставии омехта сурат мегирад. Тибқи низомнома, рақобатҳо ҳар рӯз дар як вазн миёни мардҳо ва як вазн миёни бонувон доир мегардад. Рақобати даставии омехта дар рӯзи охир ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ғолибону ҷоизадорони чемпионат дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Дар қувваозмоиҳои инфиродӣ барои ҷои аввал 26000 евро, барои ҷои дуюм 15000 евро ва барои ҷои сеюм 8000 евро пешбинӣ шудааст. Дар рақобати даставии омехта ба ғолиб 90000 евро, ба барандаи ҷои дуюм 60000 евро ва ба барандагони ҷои сеюм 25000-евроӣ тақдим хоҳад шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE