Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук байни ҷавонон дар Тошканд иштирок мекунанд

Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук байни ҷавонони то 18-сола, ки 27-30 апрел дар Тошканд баргузор мешавад, иштирок мекунанд. Дар ин хусус Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё 8 варзишгар: Диана Абдуллоева, Тимур Диордитса, Лутфулло Насруллоев, Нигора Амирхон, Ҳусейн Кӯлоб, Машраб Қурбонов, Самирҷон Замонзода ва Бобоҷон Бобоев намояндагӣ мекунанд.

Дар чемпионат иштироки 424 варзишгар аз 29 давлати қора дар назар аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE