Дар Бадахшон соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рушд мекунад

Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маркази таваҷҷухи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ба хотири эҳёи дубораи ҳунарҳои аҷдодӣ, тули солҳои истиқлолияти давлатӣ як қатор барномаҳои давлатӣ мавриди иҷро қарор дода шудаанд. Зимнан имрӯз бо фароҳам омадани шароитҳои хуби фаъолият дар кишвар инфрасохтори соҳавӣ бунёд ва омӯзиши ҳунархои мадумӣ ба насли ҷавон васеъ роҳандозӣ мешавад.

Баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва беҳбуд ёфтани вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат, дар баробари дигар соҳаҳо, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ низ  ба марҳилаи нави ришди худ ворид гардиданд. Ба хотири рушди соҳаҳои мухталиф ва арҷгузорӣ ба фарҳангу таърихи миллат  бори нахуст дар соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Мачлиси олии мамлакат ,пешниҳод намуданд, ки: “Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвари мо «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад”. Ин ташаббус солҳои минбаъда низ идома ёфта, дар Паёми дигар солҳои 2019-2021-ро Сарвари давлат “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон доштанд ва дар ин замина, чорабиниҳои мушаххас гузаронида мешаванд. Икболби Абдурахмонова – аз ВМКБ мегӯяд беш аз 50 сол боз ба ҳунармандӣ шуғл дошта, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷихати муарифии ин бахши фарханги милли ба чандин давлатҳои хориҷӣ низ сафар намудааст.

Ба назари аксар фарҳангшиносон, соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ду самти афзалиятноки сарватҳои миллӣ ҳастанд, ки бо ҳам алоқамандии зич доранд ва барои муаррифии фарҳангу таърихи куҳани халқи тоҷик, ба ҷаҳониён аҳамияти муҳим низ доранд. Сайёҳон бо таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои миллӣ ба кишвари мо рӯ оварда маҳсулоти ҳунармандони тоҷикро харидорӣ мекунанд, ва ба ин васила фарханги моро ба дигарон муарифи менамоянд. Ба маълумоти Икболби Абдурахмонова -хунарманд аз ВМКБ хунархои чакандузию прадузи, алочабофи дар ин гушаи ватан таърихи хазорсола дошта, имрӯз  намунаҳои он дигарбора зинда карда шуда, ба насли чавон омӯзонида мешавад.

Маврид ба ёдоварист, ки   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон каблан низ супориш дода буданд, ки дар хар як шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ растаҳои ҳунарманди ташкил гардида, маҳсулоти ҳунармандон баҳри ҷаҳонгардон ба фуруш гузошта шаванд. Ҳунарманди мардумӣ Иқболби Абдураҳмонова бар он бовар аст, ки ҳануз хам дар минтакахои куҳистони мамлакат, занону духтарон дар муаррифӣ ва ташкили шароити фаъолитяи корӣ мушкилот доранд.

Чуноне ки сарвари давлат зикр намуданд, барои бунёд намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва дорои ҳунарҳои мардумӣ як сол кифоя нест. Ба ҳамин хотир барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои зарурию иловагӣ андешида шаванд. Дар робита ба ин амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январ соли 2024 ба тавсиб расид , ки  дар заминаи он курухи кории чумхурияви ва гуруҳи кории доимамалкунанда аз хисоби роҳбарони воҳиду сохторхои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, вакилони маҷлисҳои вакилони халқ, фаъолони дигари вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо созмон дода шудааст, ки бояд дар ин самт корбарӣ намоянд.

Т. Сатторов,

“Садои Душанбе”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE