Дар Истанбул дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифт

27 июн вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул Мурод Саидзода бо Котиби генералии Палатаи савдои Коҷаели Мерт Анлипак баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масоили дурнамои ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Туркияро дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба роҳҳои таҳкими муносибот  ва танзими чорабиниҳои муштараки соҳавӣ миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия табодули афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE