Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори 9 медал гардиданд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии GREENWICH «IGO» (Лоиҳасозӣ) дар байни наврасони 25 давлати дунё сазовори 9 медал гардиданд, ки аз он 1 ҷои якум, 2 ҷои дуюм ва 6 ҷои сеюм мебошад. Дар ин хусус аз Вазорати маориф ва илми мамлакат хабар доданд.
Олимпиадаи байналмилалии GREENWICH «IGO» (Лоиҳасозӣ) аз 8 то 15 июни соли равон дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Британияи Кабир аз руйи 12 равия баргузор гардид. Ин олимпиадаи бонуфузи ҷаҳонӣ бо фарогирии зиёда аз 350 нафар баргузор шуд.
Дар олимпиада Тоҷикистонро 12 нафар мактаббачаи Муассисаи таълимии хусусии Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳайати 4 даста намояндагӣ намуд. Дастаҳо дар се самти табиӣ-риёзӣ ва як соҳаи истеҳсоли филм рақобат намуданд. Лоиҳаҳои онҳо бо равишҳои навоварона ва сатҳи баланди иҷро таваҷҷуҳи ҳакамонро ба худ ҷалб кард.