Дар Конибодом ду кӯдакистон барои 500 нафар сохта мешавад

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бо сохтмони муассисаҳои томактабӣ шинос гардид. Дар ин бора аз хадаомти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр сохтмони ду кӯдакистон идома дорад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти ҷашнӣ беш аз 500 нафар хурдсолон ба кӯдакистон фаро гирифта мешаванд

Зимни шиносоӣ роҳбари вилоят барои ба охир расонидани корҳои сохтмонӣ, бунёди айвон бо риояи меъмории миллӣ, ободу хуррамгардонӣ ва мумфаршкунии роҳҳои атрофи иншоот, таълиму тарбияи насли наврас дастуру супоришҳо дод.

Тазаккур дода шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди иншооти соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Аҳли маорифро зарур аст, ки ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE