Дар Осорхонаи миллӣ намоиши рассомони муосири Тоҷикистон таҳти унвони “Бо ҳам” ифтитоҳ гардид

26-уми апрел дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши рассомони муосири Тоҷикистон таҳти унвони “Бо ҳам” ифтитоҳ гардид. Дар ин бора аз осорхонаи мазкур хабар доданд.

Дар кори намоиш намояндагони Иттифоқи рассомони Точикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов, омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, намояндагони Васоити ахбори умум ва роҳбарияту кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд.

Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо доир ба нақши Осорхонаи миллӣ дар самти ташкил ва баргузории намоишҳои асарҳои офаридаи рассомони тоҷик ва муарифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик суханронӣ намуданд.

Дар намоиши мазкур зиёда аз 50 адад мусаввараҳои беҳтарини рассомони Тоҷикистон, аз қабили офаридаҳои Исматов Баҳром, “Аз паси орзуҳо”, “Оҳанги баҳор”, “Мевафурӯш”, “Духтарак бо себ”, “Оҳанг”, Аҳмадов Умед., “Гулҳои Душанбе”, “Бонуи тоҷик”, “Оила”, “Дар интизорӣ”, “Рӯзи офтобӣ”, Мамаджанов Илёс. “Нирвана”, “Бухоро”, “Анъана”, “Оҳанги дил” “Хомӯшӣ” ва дигар асарҳо ба намоиш гузошта шуданд.

Бояд гуфт, ки асарҳои рассомон бо услуби ҷадид ва воқеънигорӣ офарида шуда, дар онҳо ёдгориҳои таърихӣ, манзараҳои зебои кишвар, ҳаёти осоиштаи мардум, расму оин ва анъанаҳои миллии тоҷикон таҷассум ёфтаанд.

Албатта, баргузории чунин намоиши осорхонавӣ имкон медиҳад то қишрҳои гуногуни ҷомеа бо эҷодиёти рассомони муосири кишвар аз наздик шинос шаванд, ҳамзамон дар замири онҳо ҳисси баланди миллӣ, зебоипарастӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳи фарҳангӣ бедор гардад.

Намоиши “Бо ҳам” то санаи 08.05.2024 идома меёбад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE