Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалиро оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол ҷонибдорӣ намуд
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Дар робита ба ин, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул намуд, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон ду давлати дигар, аз ҷумла Баҳрайн ва Либия низ онро дастгирӣ карданд.
Дар қатъномаи мазкур аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузарондани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.
Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро дар бораи рӯзи 25 майро эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол якдилона пазируфт.