Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо дабири кулли САҲА

2 декабри соли 2022 дар шаҳри Лодз дар ҳошияи иҷлоси 29-уми Шӯрои вазирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли САҲА Ҳелга Шмид вохӯрӣ намуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои умдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва САҲА, аз ҷумла вазъ дар минтақа ва Афғонистон, мубориза бо терроризм, ҳамкорӣ дар масъалаҳои обу иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар поёни мулоқот Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА оид ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба имзо расид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE