Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори ИДМ доир мешавад

28 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар кори ҷаласа намояндагон аз Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Узбекистон, Федератсияи Русия, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба иштирок менамоянд.

Дар ҳошияи баргузории ҷаласа мулоқотҳои дуҷонибаи роҳбарияти мақомоти марбутаи муҳоҷирати  Тоҷикистон бо  Федератсияи Русия пешбинӣ шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE