Дар Душанбе масъалаи фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тандурустӣ баррасӣ гардид

16 май дар шаҳри Душанбе зимни баргузории машварати корӣ масъалаи фарогирии умумӣ ба хизматрасониҳои тандурустӣ ва паст намудани дӯшбории молиявии хонаводаҳо ҳангоми гирифтани хизматрасонии тиббӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мамлакат самти афзалиятнок эътироф гардида, солҳои охир ҳиссаи маблағгузории давлатӣ ба ин бахш афзоиш меёбад. Маблағгузории соҳаи тандурустӣ яке аз вазифаи асосии низоми тандурустӣ мебошад, ки ба ноил шудан ба фарогирии умумӣ бо хизматрасонии тиббӣ тавассути беҳтар кардани фарогирӣ, самаранокӣ ва ҳифзи молиявӣ саҳм гузошта метавонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ислоҳоти низоми маблағгузории соҳаи тандурустӣ бо мақсади гузаштан ба фарогирии умумӣ бо хизматрасониҳои тиббӣ якчанд ташаббусҳоро амалӣ намудааст.

Ҳамчунин зимни ҷаласа таҷрибаҳои мусбати дигар давлатҳо дар самти татбиқи «Маҷмуи хизматрасониҳои кафолатноки тиббӣ» аз тарафи мушовирони байналмилалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯнамоӣ гардида, самаранокии тиббии татбиқи ин хизматрасонӣ таъкид шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE