Президенти Тоҷикистон: «Дар фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай масъалаҳои амнияти минтақавӣ аввалиндараҷа боқӣ мемонанд»

«Маҳз дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе моҳи июли соли 2000 дар нишасти охирини сарони «Панҷгонаи Шанхай» идеяи табдили қолаби ҳамкории панҷгона ба сохтори минтақавии ҳамкории бисёрҷониба ба вуҷуд омада буд. Пас аз як сол, соли 2001 дар Шанхай, ин идея амалӣ гардид ва «Панҷгонаи Шанхай» ба созмони мукаммали байниҳукуматӣ — Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) табдил ёфт. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳибаашон бо хабарнигори Агентии иттилоотии «Синхуа»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин баён намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон, афзуданд, ки кишварҳои аъзои ин созмони фароминтақавӣ тавонистанд намунаи шарикии мутақобилан судмандро бунёд кунанд, ки самаранокии он бо баробарии ҳамаи кишварҳо ва тасмимгириҳо дар асоси ризоияти муштарак таъмин карда мешавад. Принсипҳои «Руҳи Шанхай», ки эътимоду манфиати мутақобила ва баробарҳуқуқиро таҷассум мекунанд, дар муштаракоти мо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай асосӣ мебошанд. Имрӯз дар назди Созмони ҳамкории Шанхай вазифаи душвор – таъмини рушди устувори минтақа ва муборизаи дастҷамъона бо хатару таҳдидҳои муқобили ҳамаи мо дар шароити мураккаби сиёсати муосири ҷаҳонӣ истодааст, иброз намуданд Президенти Тоҷикистон.

Дар посух ба саволи хабарнигори «Синхуа»: — Ба назари Шумо, нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар мубориза бо неруҳои «се бадӣ» ва таъмини сулҳу субот дар минтақа чӣ гуна аст?

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон чунин посух доданд: Табиист, ки дар фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай масъалаҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бо қувваҳои «се бадӣ» аввалиндараҷа боқӣ мемонад.Саҳми Созмони ҳамкории Шанхай дар бунёди сохтори амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ сол аз сол бештар гардида, созмон ба намунаи татбиқи тасмимҳои амнияти устувор дар сатҳи минтақа табдил ёфтааст. Имрӯзҳо талошҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар мубориза бо терроризм дар ҳама шаклу зуҳуроташ, сепаратизм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ пайваста таҳким бахшида мешавад. Дар чунин шароит кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай бояд вазъро пайваста назорат кунанд ва бо назардошти хавфҳои эҳтимолӣ қаблан дар пешгирӣ аз афзоиши таҳдидҳои амниятӣ фаъолонаву муштарак амал намоянд. Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкории зич дорад ва дар соҳаи амният ҳамеша ташаббусҳои мушаххас пешниҳод менамояд. Аввалан, кишвари мо мунтазам пешниҳод менамояд, ки кори муштарак ҷиҳати таҳияи муносибатҳои умумӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ташаккули феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, сепаратистӣ ва экстремистӣ, ки фаъолияти онҳо дар қаламрави давлатҳои аъзо мамнуъ аст, фаъол карда шавад. Дуюм, Тоҷикистон ташаббуси таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхайро дар шаҳри Душанбе пешбарӣ намуд, ки аз ҷониби ҳамаи кишварҳои аъзо дастгирӣ ёфт.

Бо назардошти он, ки кишвари мо дар сафи пеши мубориза бо таҳдиди маводи мухаддир қарор дорад, мо ҷойгиршавии ин маркази Созмони ҳамкории Шанхайро дар Тоҷикистон комилан одилона мешуморем, афзуданд Президенти Тоҷикистон.

Дар анҷом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо хабарнигори «Синхуа» иброз доштанд, ки: Тоҷикистон минбаъд низ нисбати талошҳои дастҷамъона дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай дар самти таъмини амнияти минтақавӣ саҳми намоён хоҳад гузошт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE