Дар пойтахти Тоҷикистон Форуми сатҳи баланд таҳти унвони «Зан ва об» баргузор мешавад
Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз 10 то 13 июни имсол дар шаҳри Душанбе доир мегардад, 10 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми сатҳи баланд таҳти унвони «Зан ва об» баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи конфронс 9 форум дар мавзуъҳои мухталиф ташкил гардида, вазорату идораҳои масъули Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки ҳамчун ҳамташаббускорони ин форумҳо дар шарикӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, агентиҳо ва созмонҳои минтақавию ташкилоти мамлакатҳои аъзо дар ин ҳамоишҳо баромад кунанд.
Форумҳо қабл аз ифтитоҳи конфронс баргузор шуда, иштироки мақсадноки бахши хусусӣ, аҳли илм, занон, ҷавонон ва дигар гурӯҳҳои асосиро тибқи ҳадафҳои конфронс таъмин менамоянд.
Онҳо имкон медиҳанд, ки ҷонибҳои мухталифи манфиатдор, аз қабили занон, ҷавонон, мардуми таҳҷоӣ, гурӯҳҳои касбӣ, олимон, бахши хусусӣ ва дигарон дар татбиқи рӯзномаи об бо таваҷҷуҳ ба тақвияти фаъолият ва шарикӣ дар соҳаи об, сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷалб карда шаванд.
Мубоҳисаҳои воқеӣ ва мубрам, хулосаҳо ва қарорҳо метавонанд ба кори конфронс ва баррасии Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 бо дарбаргирии чаҳорчӯби суръатбахшии ноил шудан ба Ҳадафи 6 ёрии самарабахш расонанд.