Ифтитоҳи чойхонаи тоҷикӣ баъд аз таъмиру навсозӣ дар Австрия
3-уми юли соли 2024 дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Австрия муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим дар маросими ифтитоҳи чойхонаи тоҷикӣ баъд аз таъмиру навсозӣ дар парки машҳури Минимундуси шаҳри Клагенфурт иштирок намуданд. Тадбирҳои марбут ба эҳё ва барқарорсозии чойхонаи тоҷикӣ дар макони нав бо ибтикору ҳидояти бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва мусоидати шаҳрдории Клагенфурт дар давоми 2 сол бо сатҳу сифати баланд амалӣ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи расмии чойхона роҳбарият ва собиқадорони шаҳри Клагенфурт, намояндагони Шӯрои шаҳрӣ, ҷамъияти тоҷикон дар ин шаҳр ва дигар шахсонӣ расмӣ ширкат ва суханронӣ намуданд. Яке аз саҳифаҳои намоёни таърихи муносибатҳои бародаршаҳрии миёни Душанбе ва Клагенфурт табодули ҳайатҳо дар сатҳи олӣ ба шумор меравад. Борҳо ҳайатҳои фарҳангии шаҳри Душанбе дар Клагенфурт ва Клагенфурт дар Душанбе бо барномаҳои ҳунарӣ баромад кардаанд.
Дар маҷмӯъ, дар доираи санадҳои мавҷудаи робитаҳои шарикӣ миёни намояндагони соҳаҳои гуногуни ду бародаршаҳр шурӯъ аз соли 1972 беш аз 75 маротиба сафарҳои мутақобила ва мубодилаи афкори тарафайн сурат гирифтааст.