Дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии гимназияи №4 сохта мешавад

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба сохтмони бинои иловагии гимназияи №4 санги асос гузошта шуд. Дар ин хусус аз хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар доданд.

«Дар вилояти Суғд дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди садҳо синфхонаҳои иловагӣ идома  дошта, барои таълиму тарбияи насли наврас шароити мусоид фароҳам оварда мешавад», — иброз гардид зимни суҳбат бо аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои сохташавандаи муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна бо таҳхона ва 32 синфхонаи таълимӣ иборат буда, барои 960 хонанда дар як баст сохта, ба истифода дода мешавад.

Сохтмони ин бинои иловагии таълимӣ аз ҷониби ширкати ватании «Тоҷ-сохтмон» амалӣ мешавад, ки дар шаҳри Хуҷанд таҷрибаи хуби хонасозӣ дорад.

Таъкид гардид, ки кормандони соҳаи маорифро зарур аст наврасонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, барои забондону соҳибкасб шудани онҳо аз тамоми имконият истифода баранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE