РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар доираи Конфронси сеюми сатҳи баланд ҷаласаи пленарӣ баргузор гардид
Имрӯз баъд аз ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ли Ҷунҳуа ҷаласаи пленарӣ доир шуд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласаи пленарӣ масъалаҳои марбут ба обу иқлим, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об, тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти коҳиш додани пайомадҳои марбут ба обу иқлим, нақши Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар ҳалли масъалаҳои гуфташуда баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои обу иқлим, хусусан аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани Қатънома дар асоси пешниҳоди Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии пиряхҳо, 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсис ёфтани Фонди ҳифзи пиряхҳо бори дигар ҷаҳонро ба андешидани тадбирҳои муассир доир ба ин масъалаҳо водор менамоянд. Дар ҷаласаи пленарӣ қарорҳои марбута қабул ва баррасӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардид.
Зимни Конфронси сатҳи баланд Президенти мамлакат оид ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон иброз намуданд, ки “мо ҳама якҷо тавонистем, ки обро дар меҳвари гуфтушунидҳои глобалӣ оид ба рушд қарор дода, ҷомеаи ҷаҳониро атрофи ин мавзуи бағоят муҳим муттаҳид созем”.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои то имрӯз дар ин самт анҷомёфтаро нокифоя дониста, барои дарёфти роҳҳои нави расидан ба ҳадафҳо бо пешниҳодҳо баромад намуданд.
Президенти Тоҷикистон бо истифода аз ҳузури коршиносони сатҳи баланд дар конфронс зарур шумурданд, ки дар баробари иҷрои уҳдадориҳои дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид гирифтаи кишварҳову созмонҳои марбута барои амалу иқдоми наву таъсирбахш кӯшиш ба харҷ дода шавад.