Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Москва иштирок намуд

21 июн ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холикзода дар ҷаласаи Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Москва иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Дар ҷаласа роҳбарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули афкор намуда, лоиҳаҳои санадҳоеро, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ равона гардидаанд, ба мувофиқа расониданд.

Дар доираи чорабинии мазкур директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шурои роҳбарони хадамотҳои омори давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷамшед  Нурмаҳмадзода бо маърӯза оид ба фаъолияти Шурои роҳбарони хадамотҳои омори давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар солҳои 2020-2023 сухан  намуд.

Роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE