Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо директори Фонди Саудӣ оид ба рушд мулоқот кард

21 сентябри соли 2023 дар ҳошияи Иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО мулоқоти дуҷонибаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳдмаҷон бо директори Фонди Саудӣ оид ба рушд ҷаноби Султон Абдулраҳмон Ал-Маршад баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрии мазкур Шерализода Б.А. масъалаи сиёсати кунунии экологӣ, иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти об ва тағйирёбии иқлим, аз ҷумла баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст, инчунин масъалаҳои дигари муҳими марбутаро баррасӣ намуданд.

Дар қисмати ниҳоии мулоқот ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фонди болозикр дар заминаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зистро тақвият диҳанд. Инчунин, раиси Кумита ҷаноби Султон Абдулраҳмон Ал-Маршадро барои боздид намудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти муносиб даъват намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE