Дар Норак бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд

Дар шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд, ки дар он шаҳрвандони синну соли гуногун фаъолона иштирок намуданд. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Норак хабар доданд.

Раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ иштирокдорони мусобиқаи варзиширо бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, иброз дошт, ки чунин чорабиниҳои оммавӣ дӯстиву рафоқатро таҳким бахшида, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим замина мегузоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯзҳо дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн дар саросари мамлакат бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ, солимгардонӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ободонӣ ташкилу роҳандозӣ шуда истодааст. Баргузории Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз ҷумлаи чунин маъракаҳои ҷашнист, ки дар ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Пас аз қисмати ифтитоҳии ҳамоиш иштирокчиёни Дави миллӣ дар шаҳри Норак дар чанд гурӯҳ сабқат карданд. Дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибону фаъолони Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар оммавӣ шудани варзиш Диплому Сипоснома ва мукофотҳо супурда шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE