Тоҷикистон ба Ҷопон ангури хушсифат содирот менамояд

Бо дарназардошти таъму сифати хуб доштани ангури Тоҷикистон ҷониби Ҷопон омодагӣ ба ҳамкориро дар самти қабули ангур изҳор дошт. Ин масъала 2 август зимни мулоқоти Вазири кишоварзии мамлакат Саъдӣ Каримзода бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷопон ва Тоҷикистон Кейҷи Фуруя баррасӣ гардид.

Тавре дар маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни  мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода иброз намуд, ки дар Тоҷикистон 40 ҳазор гектар токзор мавҷуд буда, 35 ҳазор гектари он мевадиҳанда мебошад. Мутобиқи маълумоти оморӣ, соли 2021  270 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардида, 52 ҳазор тоннаи он асосан ба Федератсияи Русия ва ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон содирот шудааст. Дар ҷумҳурӣ 193 навъи ангур мавҷуд буда, токпарварон асосан 20 навъи онро парвариш менамоянд.

Кейҷи Фуруя зимни мулоқот хоҳиш намуд, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳо ва идома додани муносибатҳо вобаста ба содироти ангур аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон масъулин вобаста карда шаванд ва маълумотнома дар бораи ангурҳои ба содирот нигаронидашуда пешниҳод гардад.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Ҷопон соли 2021  88,8 миллион долларро ташкил намудааст. Дар шаш моҳи соли 2022 муомилоти молӣ ба 49,5 миллион доллар расидааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE