Дар шаҳри Душанбе шуъбачаи миллитсияи сайёҳӣ ташкил гардид
Шуруъ аз имрӯз, 22 июл дар назди Раёсати Вазорати коҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе шуъбачаи милитсияи сайёҳӣ ба фаъолият оғоз кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Шуъбача дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ташкил гардида, мақсади он расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ, роҳбаладӣ ва таъмини бехатарии сайёҳон дар сохтори мақомоти милитсияи пойтахт мебошад.
Минбаъд, сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҳангоми ба дилхоҳ мушкилӣ дучор гардидан ва ё аз ҷониби онҳо қоидавайронкунӣ ба назар мерасад, шаҳрвандон ва сайёҳон метавонанд тавассути рақамҳои 02-00 бевосита ба милитсияи сайёҳии пойтахт дар тамос шаванд.
Ёдовар мешавем, ки шуъбачаи мазкур айни замон фаъолияташро санҷишӣ ба роҳ мондааст. Дар назар аст дар оянда шабонарӯзӣ барои таъмини амнияти сайёҳати сайёҳони дохиливу хориҷӣ хидмат намоянд.