Сафири Тоҷикистон бо раис ва мудири кулли иҷроияи Роҳи оҳани миллии Корея вохӯрӣ намуд

22 июли соли 2024 вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо раис ва мудири кулли иҷроияи Роҳи оҳани миллии Корея Ли Сеонг Хай баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳоро миёни ду кишвар дар самти рушди соҳаи роҳи оҳан баррасӣ карданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE