Сокинони деҳоти Зонг ба таври муваққатӣ ба урдугоҳи Шабдези ноҳияи Роштқалъа кӯчонида мешаванд
8 август аъзои гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат баҳри бартараф намудани хисороти офати табиӣ дар деҳаи Зугванди Ҷамоати деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим бо сокинон вохӯрӣ намуданд. Иброз гардид, ки бар асари офати табиӣ 39 хона, аз инҳо 13 хона пурра ва 26 хонаи дигар қисман зарар дидаанд. Оилаҳое, ки бар асари ин офати табиӣ хонаҳояшон пурра вайрон гардидаанд, ба таври муваққатӣ ба урдугоҳи Шабдези ноҳияи Роштқалъа кӯчонида шуда, то бунёди хонаҳои нав дар онҷо истиқомат мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.
Хонаҳои нави истиқоматии сокинон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати кӯтоҳ- якуним моҳ сохта, бо тамоми таҷҳизот ба зарардидагон супорида мешаванд. То бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ сокинони зарардида дар деҳаи Анҷини ноҳияи Роштқалъа, дар урдугоҳи Шабдез истиқомат намуда, аз тарафи Ҳукумати мамлакат бо маводи мавриди ниёзи аввал таъмин карда мешаванд.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот зимни вохӯрӣ бо сокинон иброз дошт, ки аз нахустин лаҳзаи рух додани офати табиӣ дар ин мавзеъ тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Раиси вилоят ситоди корӣ таъсис дода шуд. Ситод барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ то имрӯз корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.