Сокинони шаҳри Кӯлоб соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари безаволи адабиёти классики тоҷик — «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба шаҳри Кӯлоб расид. Тибқи нақша, ин туҳфаи пурарзиш ба 35 ҳазору 879 хонаводаи шаҳр дар панҷ ҷамоати деҳот аз ҷониби гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад.
Ин иқдом ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадаф аз он таҳкими ҳувияти миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, боло бурдани худшиносию ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба мероси адабӣ ва фарҳангии гузаштагон мебошад.
Сокинони шаҳри Кӯлоб ҳангоми дарёфти ин туҳфаи маънавӣ бо эҳсоси ифтихор изҳор доштанд, ки ин иқдоми фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи руҳияи ватандӯстӣ нақши муҳим мегузорад.
Мардуми шарифу фарҳангдӯсти шаҳри Кӯлоб таъкид намуданд, ки ин туҳфаи маънавӣ рамзи арҷгузорӣ ба ниёгони бузург, эҳёи фарҳанги миллӣ ва пайванди устувори наслҳои гузаштаву имрӯза мебошад.
Ёдовар мешавем, ки нашри нави «Шоҳнома» дар ду ҷилд ва бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха ба табъ расидааст. Ин шоҳасар бо сифати баланд ва тарҳи зебо омода гардида, ба ҳар хонадони мамлакат ҳамчун рамзи худшиносии миллӣ тақдим мегардад.
Ҳамзамон дар идомаи иқдоми мазкур соли 2026 дар саросари мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад, ки Сарпарасти он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Озмун бо ҳадафи омӯзиши амиқи шоҳасари Фирдавсӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва бедории маънавӣ байни аҳолӣ гузаронида мешавад. Барои мукофотонидани ғолибони озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.






