Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ бунëди 369 иншоот ба нақша гирифта шудааст

Дар нимсолаи аввали соли 2024  нақшаи қисми  даромади буҷети маҳаллӣ  ба маблағи 112 миллиону 166 ҳазор, 11 фоизи нақшаро дар мегиранд, ки аз нақшаи пешбинишуда 10 миллиону 666 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта  19 милилиону 120 ҳазор сомонӣ зиëд мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  дар ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд. Дар давраи ҳисоботӣ 184 корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият намуда,  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 284 миллиону  827 хазор сомонӣ таъмин намуданд, ки нисбати  ҳамин давраи соли гузашта 37 милиону 575 хазор сомонӣ зиëд буда, 115, 2 фоизро ташкил медиҳад.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ  бунëди 369 иншооти таиноаташон гуногун ба нақша гирифта шуда,  ба ҳолати 1 июли соли 2024 аз ҷамъи ин иншоот 140  адад  мавриди истифода қарор дода шуда, дар дигар тарҳҳо   корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд. Дар баробари пешравиҳо норасоии омӯзгорон, нарасидани оби полезӣ, вазъи муассисаҳои тандурустӣ, ҳолати экологӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ   фаъолияти номукамалӣ, китобхонаҳо аз  мавзуоти  рӯзмарра дар нохияи Рӯдакӣ боқӣ мемонад.
Тоҷиддин Сатторзода,
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE