Дар Тоҷикистон Фестивал-намоиши байналмилалии зоти гӯсфанди ҳисорӣ баргузор мегардад
17 август дар шаҳри Ҳисор Фестивал-намоиши байналмилалии зоти гӯсфанди ҳисорӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд.
Ҳадаф аз баргузории намоиши байналмилалӣ амалигардонии рушди минбаъдаи соҳа ва тақвияти фаъолият дар парвариш ва селексияи зоти гӯсфанди ҳисорӣ аст, ки ҳамчун захираи ирсии дастоварди мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.
Дар Фестивал-намоиши байналмилалии зоти гӯсфанди ҳисорӣ озмун аз рӯи 4 номинатсия, аз ҷумла «Қӯшқори наслдеҳ» (ҷои 1, 2, 3), «Мешҳои зотӣ» (ҷои 1, 2, 3), «Барраҳои зотии 18-20-моҳа» (ҷои 1, 2, 3) ва 1 шоҳҷоиза барои «Чемпиони мутлақ (қӯшқор)» доир гардида, дар он ба гӯсфандони пешниҳодшуда аз рӯи ҷусса, сол, вазни зинда, намуди зоҳирӣ, раванди маҳсулнокӣ, таркиби зот ва ғайра баҳо гузошта мешавад.
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ сирф тоҷикӣ буда, таърихи пайдоишаш давраҳои дурро дар бар мегирад. Гӯсфанди ҳисорӣ зоти дуруштпашму дунбакалони маҳаллӣ аст. Ин гӯсфанд барои гӯшту равған парвариш мешавад. Гӯсфанди ҳисорӣ калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон мебошад. Гӯсфанди ҳисориро дар водии Ҳисор ба вуҷуд овардаанд. Вазни зиндаи барраи навзоди ин зот 5-7 килограмм буда, вазни барраҳои 5-моҳа ба 40-50, баъзан то ба 55-60 килограмм мерасад. Ин гӯсфанд дар 18-моҳагӣ 70-90 килограмм вазн мегирад. Дунбаи меши гӯсфанди ҳисорӣ андаряк 10-12 ва қӯчқораш 18-20 килограмм, баъзан мувофиқан то 35 ва 55 килограмм вазн мегирад.
Саршумори асосӣ ва зоти беҳтарини гӯсфанди ҳисорӣ дар Тоҷикистон мавҷуд буда, бештар дар водии Ҳисор ва вилояти Хатлон парвариш мешавад.