Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии ҷудо оғоз гардид…
Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии ҷудо оғоз гардид
Имрӯз, 24 октябр, дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии ҷудо миёни ҷавонон таҳти унвони «Hoji Sharif Dushanbe Junior Grand Prix – 2026» оғоз гардид.
Дар ин мусобиқа 227 варзишгар аз 19 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ҳайати пурқуввати ҷудочиёни ҷавон намояндагӣ мекунад.
Рақобатҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор шуда, имрӯз варзишгарон дар чанд вазни писарону духтарон барои медалҳо мубориза мебаранд. Марҳилаи ниҳоии рақобатҳои рӯзи аввал соати 17:00 оғоз мешавад.
Мусобиқа то 25 октябр идома ёфта, барои ҷавонон имкони хуби дарёфти таҷрибаи байналмилалӣ ва омодагӣ ба мусобиқаҳои сатҳи баландтарро фароҳам меорад.

